Алии Лориҷонӣ , Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрони рӯзи душанбе дар нишасти хабарии муштарак бо Қосим Ал-Араҷӣ мушовири амнияти миллии Ироқ ширкат кард . Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садоу ва Симо , Алии Лориҷонӣ , Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо баёни инки давлати Ироқ , давлати дӯсту бародар мо аст гуфт : Мо имрӯз дарбораи масоили муҳими амниятӣ гуфтугӯ кардему масоилӣ ки дар сафари ахир ба Бағдод матраҳ шуда будро мурӯр кардем , аммо аслитарин масоиле, ки имрӯз дарбора он суҳбат кардем , тавсеаи равобити иқтисодим байни ду кишвар Эрони ва Ироқ буд . Мо агар мехоҳем равобити иқтисодии пойдор бимонад бояд дар масоили амниятӣ низ равобитмонро густариши диҳем .
Дабири шӯрои олии амнияти миллии Эрон бо таъкид бар нақши муҳими Ироқ дар масоили минтақа гуфт : Бояд талош кунем аз ҳаргуна сӯъиистифодаи бегонагон барои зарба ба Эрону Ироқ ҷилавгирӣ кунем .
Лориҷонӣ бо тақдир аз мавзеи Ироқ дар ҷанги 12 рӯзаи таҳмилии Исроил алайҳ Эрон гуфт : Муттаассифона режими саҳюнистӣ аз осмони Ироқ сӯъиистифода карду бародарони ироқии мо низ аз ин нукта мутаъасиф ҳастанд .
Лориҷонӣ бо ишора ба дахолатҳои Амрико дар умӯри Ироқ гуфт : Ин як намӯнааст , Амрико намехоҳад кишвари Ироқ ки солҳо талош карда то мустақил бошад дар ихтиёр худаш бошад . Мо ин рафтори Амрикоро намӯнае аз рафтори онҳо бо кули кишварҳои минтақа медонем .
Qasim al-Araji мушовири амнияти миллии Ироқ низ дар посух ба суолӣ дарбораи ҳамлаи режими саҳюнистӣ аз осмони Ироқ ба Эрон гуфт : Мо аз режими саҳюнистӣ ба Шӯрои амният шикоят кардему нахуствазири кишварамон дар нишастм иттиҳодияи Араб ва дар дидоре, ки бо мақомоти кишварҳои дигар дошт таъкид кард ки ҳечкас ҳақи истифода аз осмони Ироқ барои ҳамла ба Эронро надорад .
Вай ҳамчунин гуфт : Амнияти Ироқу Эрони амр воҳидӣ аст ва эътиқод дорем имрӯз ба нафъи ҳеҷ кас дар минтақа нест ки ҷанги дигарӣ рух бидиҳаду ҳамаи кишварҳо бояд дар ин амр ҳамкорӣ кунанд . Минтақаи мо аз таҷовузгарии Исроил осеби фаровони дида ва вақти поёни он фаро расидааст .
Ал-Араҷӣ тасреҳ кард : Давлати Ироқ ба шиддат мухолифи истифода аз таҳрим алайҳи ҳар кишварӣ аст . Ҳаргуна мушкилӣ аз ҷумла мушкили Эрон бояд аз тариқи гуфтугу ва на зӯр ҳал шавад .
342/
Your Comment